ТӮЙ ДАР ОСТОНАИ ИДИ НАВРӮЗ
Душанбе, 10 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар арафаи иди ҳуҷастапаи Наврӯз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ /«Тоҷикстандарт»/ дар мактаб -парваришгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ тӯйи суннатии 6 нафар тарбиятгирандагон ва тӯйи арӯсии 2 ҷуфт собиқ дастпарварони мактаб-парваришгоҳи мазкуро баргузор менамояд. Назар ба гуфти директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҷумҳурӣ Давлаталӣ Ҳотамов, иқдоми мазкур яке аз фазилатҳои ҳамидаи мардуми мусулмон дар остонаи иди Наврӯзи бостон буда, он дар доираи дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардонида мешавад. Бояд зикр кард, ки тайи чанд соли охир сарпарастии мактаб- парваришгоҳи мазкурро Агентии «Тоҷикстандарт» ба ӯҳда дошта, дар арафаи иду ҷашнҳо кормандони Агентӣ аз ҳолу аҳволи тарбиятгирандагон хабар гирифта, ба онҳо кӯмаки моддӣ ва маънавӣ мерасонанд. Инчунин, аз вазъи саломатии бачаҳо, ҳолати хобгоҳҳо, шароити таълиму тарбияи онҳо воқиф гардида, ҷиҳати рафъи камбудию норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои судманд меандешанд. Алҳол дар мактаб-парваришгоҳ 240 нафар тарбиятгирандаҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 58 нафар муррабияҳо, омӯзгорон ва хизматгузорон нигоҳубин менамоянд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






