ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР ПОЙТАХТИ БЕЛОРУСИЯ
Душанбе, 22 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 21 март дар пойтахти Ҷумҳурии Белорусия – шаҳри Минск бо ташаббуси сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мамлакат ҳамроҳи ҷамъиятҳои тоҷикони сокини Белорусия бахшида ба таҷлили иди байналмилалии Наврӯз тантанаҳои гуногун баргузор гардиданд. Дар яке аз онҳо, ки дар шаҳри Минск баргузор гардид, тоҷикони сокини пойтахти Белорусия ва шаҳрҳои дигари ин мамлакат, инчунин намояндагони сафоратхонаҳои мамлакатҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Вазорати корҳои хориҷии Белорусия ширкат варзиданд. Сафири Тоҷикистон дар Белорусия Қозидавлат Қоимдодов ҷамъомадагонро ба муносибати Наврӯз табрик намуда, дар бораи таърихи иди Наврӯз нақл кард. Вай хабар дод, ки Наврӯз имсол бо ташаббуси 10 мамлакат ва бо қарори Маҷмаи кулли СММ бори аввал ҳамчун иди байналхалқӣ ҷашн гирифта мешавад. Қ.Қоимдодов ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи тезонидани суръати сохтмони НБО «Роғун» ва равнақу ривоҷ додани муносибатҳо ва ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Белорусия, инчунин вусъат бахшидани равобити ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро бо мамлакатҳои дигари ИДМ таъкид намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар варзишгоҳи Мактаби макхсуи захираҳои олимпии шаҳри Минск бахшида ба иди Наврӯз мусобиқаи гӯштингирӣ баргузор гардид. Ба ғолибони он тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаи ба номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, зодаи Тоҷикистон Домуллоҷон Азизов супорида шуданд, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои озод намудани Белорусия аз фашистон ҳалок гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






