ТАДБИРҲОИ ИДОНА БАХШИДА БА НАВРӮЗ

Март 10, 2010 10:15

Душанбе,  10 март. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  Тавре  хабар  дода шуда буд,   23  феврал  дар  иҷлосияи  64 – уми  Маҷмаи  кулли  СММ  бо  аксарияти овозҳои   иштироккунандагони  иҷлосия таҳти  унвони «Рӯзи  байналмилалии  Наврӯз»  қатънома  қабул  карда  шуд.  Лоиҳаи  қатъномаи  мазкурро  Тоҷикистон  ҳамроҳи  Озарбойҷон,  Афғонистон,  Қазоқистон, Қирғизистон,  Эрон,  Туркманистон ва  Туркия   таҳия  сохта,   ба  муҳокимаи  Маҷмаи  кулли  СММ  пешниҳод  карда буд. Дар  робита  раиси   шаҳри  Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев   дар  бораи  гузаронидани  тадбирҳои  идона   бахшида ба  Наврӯз  қарор  қабул  намуд.  Тибқи  қарори  мазкур  аз  21 то  24  март   дар  ноҳияҳои  пойтахт  ҷамъомадҳои  фарҳангии идона гузаронида  мешаванд.  21  март   дар дар  Боғи   наботот  саҳнаи  идонаи   калони  театрӣ   намоиш  дода  мешавад. Ҳамон  рӯз дар  Варзишгоҳи  марказии   шаҳри  Душанбе    мусобиқаи  миллии   гӯштингирӣ  ташкил  карда  хоҳад  шуд. 22  март  таҷлили  Наврӯз  дар  ҳамаи  ноҳияҳою  маҳаллаҳои пойтахт ва  маҳаллаҳои  аҳолинишини  атрофи он давом  мекунад. 23  март  дар  боғҳои  фарҳангу  фароғатии «Дӯстии  халқҳо»,  ба номи С.Айнӣ,  Кӯли  ҷавонон  ва  майдони  назди  Театри  опера  ва балет   консертҳои  эстрадӣ  ва  фолклорӣ  баргузор  мегарданд. Дар  ҷойҳои  серодам  намоиш   ва  фурӯши  маҳсулоти  қаннодӣ  ва   устоҳои  халқӣ  ташкил  карда  мешаванд. 24  март   дар  толори Амфитеатр бо  иштироки   устодони  санъат  ва  ҳаваскорон  консерти  калони  идона  намоиш  дода  мешавад. Дар  ин  бора   сардори  шӯъбаи  фарҳанги  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри  Душанбе   Шаҳло  Мӯсоева  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод.

Март 10, 2010 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид