ТАДБИРИ ШИТОБКОРОНАИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ

Март 4, 2010 14:46

Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  Имрӯз  дар  Маркази ҷумҳуриявии  матбуоти Маркази  тадқиқоти  стратегии  назди  Президенти  ҷумҳурӣ  бахшида ба   натиҷаҳои  интихоботи  вакилони  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  олии  мамлакат  барои  кормандони воситаҳои  ахбори оммавӣ, радио, телевизион  ва  агентиҳои иттилоотӣ  нишасти  матбуотӣ  ташкил  карда шуд. Нишасти  матбуотиро   директори Маркази  тадқиқоти  стратегӣ  Сӯҳроб  Шарифов  кушода,  мулоҳизаҳояшро  дар  бораи  натиҷаҳои  интихобот  баён  намуд.  Ба  қавли  ӯ,  интихобот  мувофиқи  принсипҳои демократӣ  ва  бо  риояи қонунҳои  амалкунандаи  мамлакат   баргузор  гардид. Қайд  карда  шуд, ки  намояндагони  панҷ  ҳизби  сиёсии  ҷумҳурӣ  вакили  Маҷлиси  намояндагон интихоб  гардиданд. Танҳо  ҳамин  дар  бораи  афзудани  нақши  ҳизбҳои  сиёсӣ  дар  ҳаёти  ҷомеа  шаҳодат  медиҳад.  Чунин  натиҷаҳои  интихоботро   сиёсатмадорон,  коршиносон  ва  кормандони  сохторҳои давлатию ғайриҳукуматӣ  то  андозае  пешгӯӣ  карда буданд.  Камбудию  норасоиҳое, ки  ҳизбҳои  алоҳидаи  сиёсӣ  ба  қавле,   ошкор  сохтаанд,  дар  ҷараёни  интихоботи  қариб  ҳамаи  мамлакатҳои  ҷаҳон  мушоҳида  карда  мешаванд. Бинобар  ин  аз  натиҷаҳои  интихобот  проблема  сохтан  ҳоҷат  нест. Бояд  гуфт, ки   Тоҷикистон  дар  шароити  имрӯза  бо  роҳи  бунёди  ҷомеаи   дунявию  демократӣ қадам  мегузорад. Албатта,  дар  ин  роҳ  душворию  монеаҳо  хеле  зиёданд  ва  мо  бояд  онҳоро  якҷоя   бартараф  созем. Сӯҳроб  Шарифов  ба  саволи   хабарнигорон  дар  бораи  хориҷ  гардидани  Ҳизби  наҳзати  исломӣ  аз  узвияти  Шӯрои  ҷамъиятии   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҷавоб  дода,  гуфт, ки  қарори  мазкур  аз  ҷониби  роҳбарияти  ҳизб  то  андозае  шитобкорона  қабул  гардидааст. Шӯрои  ҷамъиятӣ  созмони   оммавӣ  буда,   ташкилотҳои  ҳукуматию  ғайридавлатӣ,  ҳизбҳои  сиёсӣ  ва  созмонҳои  ҷамъиятиро  муттаҳид  месозад. Ба  воситаи   Шӯрои  ҷамъиятӣ   ҳар  созмон  ё  ҳизб  метавонад,  мавқеи   худро ба   мардум  фаҳмонад. Ҳар  гуна   маҳдуд  сохтани   фаъолияти   оммавии  ҳизб барои  ташаккулу   пешрафти он   монеа эҷод  хоҳад кард.  Ҳизби  сиёсӣ  бояд  дар  чунин  иттиҳодияҳои  сиёсӣ   фаъолона  ширкат  варзанд,  гуфт  дар  хотима  С. Шарифов.

Март 4, 2010 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд