ТАНҲО ДАР АСОСИ СТАНДАРТИ АМРИКОӢ

Март 10, 2010 10:06

Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар   марҳилаи даври  сеюми сохтмонии роҳи Қӯрғонтеппа — Дӯстӣ, ки        42 км – ро ташкил медиҳад, корҳои омодагӣ асосан анҷом ёфтааст. Аллакай дар майдончаи сохтмонии ин ҷо  корхонаҳои хурди сохтмонӣ ва ташхисгоҳи   маводи истифодашавандаи лоиҳа сохта шудаанд. Аз ин ташхисгоҳ танҳо   маводе барои истифода гузаронида  мешаввад, ки   ба стандарти амрикоӣ ҷавобгӯ бошанд. Бино ба гуфти ҷонишини  якуми вазири нақлиёт ва коммуникатсия Ҷумъахон Зуҳуров, барои амалӣ шудани ин лоиҳа Ҳукумати Япония 35 млн. доллари амрикоӣ ҷудо намудааст, ки то имрӯз 3 миллиони он дар корҳои омодагӣ аз худ карда шудааст. Холо ба кори сохтмон 222 нафар коргар ҷалб карда шудаанд, ки 50 фоизи  онҳо  шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Дар ин масофаи роҳ 7 кӯпрук, ки иқтидори борбардории ҳар кадоми он беш аз 60 тоннаро ташкил медиҳад, сохта  мешаванд. Сохтмони роҳро мутахассисони Япония ба ӯхда доранд. Дар назар аст, ки  охири соли 2012  он мавриди истифода қарор мегирад.                

Март 10, 2010 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд