УСУЛИ НАВИ БА ХОРИҶА БУРДАНИ МАВОДИ НАШЪАДОР
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — Кормандони раёсати минтақавии Хадамоти гумрук дар вилояти Хатлон кӯшиши навбатии қочоқи молро дар гузаргоҳи сарҳадии «Панҷи поён» пешгирӣ намуданд. 7 март дар ин ҷо мошини боркаши «Камаз» боздошта шуд, ки ронандаи он сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Йигиталӣ Раҳимов мебошад. Дар мошини мазкур 60 қуттӣ сигарети навъи хориҷӣ ва 28 қуттӣ сигарети навъи «Пина» ёфт шуд. Умуман дар мошин 44 ҳазор қуттӣ сигарети истеҳсоли хориҷӣ пинҳор карда шуда буд. Дар натиҷаи тафтиш маълум гардид, ки И.Раҳимов сигаретро дар Афғонистон ба ивази 10 ҳазор доллари ИМА харида, мехост бо роҳи ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид созад. Кормандони гумруки фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ҳамон рӯз зимни тафтиши бағоҷи мусофирони ҳавопаймои Кӯлоб — Маскав шаҳрванди 25 – солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Ҳисор Баҳриддин Аминовро дастгир карданд. Зимни тафтиш муқаррар карда шуд, ки чапони Б.Аминов бо маҳлули нашъадор тар карда ва баъдан хушконида шудааст. Бо ҳамин сабаб либоси ӯ бӯи махсус дошт. Мутахассисон дар натиҷаи ташхис муқаррар намуданд, ки либоси Б.Аминов бо маҳлули моддаи нашъадори героин тар карда шуда ва баъдан хушконида шудааст. Вазни умумии героини бо ҳамин роҳ пинҳон кардашуда 482 граммро ташкил медиҳад. Аз дафтари матбуоти агентӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ин ҳодисаи ягонаи бо ҳамин роҳ ба хориҷа бурдани маводи нашъадор нест. Чанд моҳ пеш дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе низ як қочоқчии маводи нашъадор дастгир шуда буд. Ӯ низ мехост моддаи нашъадорро бо ҳамин роҳ ба хориҷа барад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






