ҚИРҒИЗИСТОН ӮҲДАДОРИАШРО ИҶРО МЕКУНАД
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар»).- Иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон Исмоил Исҳоқов зимни мулоқот бо муовини Муншии умумии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Валерий Семериков изҳор намуд, ки Қирғизистон ҳамаи вазифаю ӯҳдадориҳои дар доираи созмон ба зимма гирифта ва қарорҳои дар доираи созмони мазкур имзокардаашро ҳатман иҷро хоҳад кард. Тавре хабар дода шуда буд, муовини муншии умумии СААД В.Семериков барои баррасии вазъияти Қирғизистон ба Бишкек омадааст. И.Исҳоқов намояндаи созмонро дилпур сохт, ки ҳамкории Қирғизистон бо СААД дар ҳамаи соҳаҳо давом дода хоҳад шуд. Вай зикр намуд, ки вазорати мудофиаи мамлакат барои ҳалли проблемаҳои ба миён оянда бо котиботи созмон мунтазам маслиҳату машварат менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






