ҚИРҒИЗИСТОН ӮҲДАДОРИАШРО ИҶРО МЕКУНАД

Апрель 12, 2010 15:27

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар»).- Иҷрокунандаи  вазифаи  вазири  мудофиаи  Ҷумҳурии  Қирғизистон Исмоил  Исҳоқов   зимни  мулоқот  бо муовини Муншии  умумии  Созмони  Аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ  Валерий  Семериков  изҳор  намуд, ки  Қирғизистон  ҳамаи   вазифаю  ӯҳдадориҳои   дар  доираи  созмон  ба зимма гирифта ва   қарорҳои  дар  доираи  созмони  мазкур  имзокардаашро  ҳатман   иҷро  хоҳад  кард. Тавре  хабар  дода шуда буд,   муовини  муншии  умумии  СААД   В.Семериков  барои баррасии   вазъияти  Қирғизистон ба  Бишкек  омадааст. И.Исҳоқов  намояндаи  созмонро  дилпур  сохт, ки  ҳамкории  Қирғизистон  бо  СААД  дар  ҳамаи  соҳаҳо  давом  дода  хоҳад  шуд. Вай  зикр  намуд, ки  вазорати  мудофиаи  мамлакат  барои  ҳалли   проблемаҳои  ба миён оянда бо  котиботи  созмон   мунтазам   маслиҳату  машварат  менамояд.

Апрель 12, 2010 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд