ҲУҚУҚИ ФАРЗАНДОНИ МУҲОҶИРОНРО КӢ ҲИМОЯ МЕКУНАД ?
Маскав, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дар хонаҳои бачагони шаҳри Маскав аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ 150 кӯдак тарбия карда мешаванд, ки падару модаронашон аз тарбияи онҳо даст кашидаанд. Аз ҷумла, дар хонаҳои бачагони пойтахти Русия аз Қирғизистон 70 нафар, аз Тоҷикистон 40 нафар, аз Ӯзбекистон 35 нафар ва аз Туркманистон 5 кӯдак нигоҳ дошта мешаванд. Дар ин бора раиси Бунёди хайрияи мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи модарону кӯдакони «Модар, маро напарто!» Меҳмоншо Меҳмоншоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Ба қавли М.Меҳмоншоев вақтҳои охир теъдоди кӯдакони бепарастор дар хонаҳои бачагони шаҳри Маскав то андозае кам шуд. Зеро ба кормандони бунёди хайрия муяссар гардид, ки модарони кӯдаконро ба тарбияи минбаъдаи онҳо водор намоянд. Кормандони бунёд инчунин барои ҷустуҷӯи модарон ё хешу таборони кӯдакон корҳои зиёдеро ба сомон мерасонанд. М.Меҳмоншоев зикр намуд, ки занони муҳоҷир дар аксари мавридҳо шароити мусоиди истиқомат надошта, бе шавҳар таваллуд мекунанд ва кӯдакони навзодашонро ба хонаҳои бачагон супурда, ғайб мезананд. Бисёр коргарони муҳоҷири ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз мо хоҳиш мекунанд, ки кӯдакони бепарасторро ба онҳо ба фарзандӣ диҳем. Вале ин кори ниҳоят душвор мебошад. Зеро коргарони муҳоҷир бояд ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро дар ватанашон ба расмият дароранд. Мо кӯшиш хоҳем кард, ки ин масъаларо дар сатҳи ҳукуматҳо ҳал кунем. Ҳукуматҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бояд ба сафоратхонаҳои дар Русия будаи худ иҷозат диҳанд, ки масъалаи ба фарзанди додани кӯдакони партофташударо ҳал кунанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Бунёди хайрияи «Модар, маро напарто!» моҳи июни соли 2009 дар Вазорати адлияи Федератсияи Русия ба қайд гирифта шудааст. Муассисони он Меҳмоншо Меҳмоншоев, Рушт Руштов, Шодмон Ниятбеков, Мадина Юлдошева ва сарпарастони он Собир Бӯтабеков, Бахтиёр Худойназаров, Сергей Акопов, Ирина Розанова, Лариса Гузеева, Юлия Хижняк, Толиб Толибов ва Гулнора Қачағанова мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






