ҶАДВАЛИ НАВИ МАВҚЕИ ДАСТАҲОИ ФУТБОЛИ МАМЛАКАТҲОИ ҶАҲОН

Апрель 28, 2010 16:33

Душанбе,  28 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). – Федератсияи  байналхалқии  футбол  имрӯз  ҷадвали нави  мавқеи  дастаҳои  мунтахаби  футболи  мамлакатҳои  ҷаҳонро  чоп  кард. Аз  рӯи  натиҷаҳои  моҳи  апрел  дастаи  мунтахаби  футболи  Тоҷикистон  5  дараҷа  поин   фуромада,  дар  байни  207   дастаи  мунтахаби  футбол  ҷои  135 – умро  ишғол  намуд. Инчунин   дастаи  мунтахаби  футболи  мамлакати  мо  дар  рӯихати   дастаҳои  мунтахаби  футболи  қитъаи  Осиё  низ  хеле  поин  фуромад. Имрӯз  дастаи  мунтахаби  футболи  Тоҷикистон  дар  байни  46  дастаи  мунтахаби  қитъаи  Осиё  ҷои  22 – умро  ишғол  менамояд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки дар  рӯихати  дастаҳои  мунтахаби  футболи  ҷаҳон  баъди  Мусобиқоти  қаҳрамонии  соли  2010  ҷои  аввалро  дастаи  мунтахаби Бразилия,  ҷои  дуюмро  дастаи  мунтахаби  Испания  ва  ҷои  сеюмро  дастаи  мунтахаби Португалия  ишғол  менамоянд.  Дастаҳои  мунтахаби  Голландия,  Италия,  Олмон,  Аргентина,  Англия,  Хорватия  ва  Фаронса  даҳ  ҷои   аввали  ҷадвалро  ишғол  мекунанд. Дастаи  мунтахаби  Русия  дар  ҷои  11 – ум   қарор  дорад.

Апрель 28, 2010 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!