ҶАДВАЛИ НАВИ МАВҚЕИ ДАСТАҲОИ ФУТБОЛИ МАМЛАКАТҲОИ ҶАҲОН
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Федератсияи байналхалқии футбол имрӯз ҷадвали нави мавқеи дастаҳои мунтахаби футболи мамлакатҳои ҷаҳонро чоп кард. Аз рӯи натиҷаҳои моҳи апрел дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 5 дараҷа поин фуромада, дар байни 207 дастаи мунтахаби футбол ҷои 135 – умро ишғол намуд. Инчунин дастаи мунтахаби футболи мамлакати мо дар рӯихати дастаҳои мунтахаби футболи қитъаи Осиё низ хеле поин фуромад. Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби қитъаи Осиё ҷои 22 – умро ишғол менамояд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар рӯихати дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳон баъди Мусобиқоти қаҳрамонии соли 2010 ҷои аввалро дастаи мунтахаби Бразилия, ҷои дуюмро дастаи мунтахаби Испания ва ҷои сеюмро дастаи мунтахаби Португалия ишғол менамоянд. Дастаҳои мунтахаби Голландия, Италия, Олмон, Аргентина, Англия, Хорватия ва Фаронса даҳ ҷои аввали ҷадвалро ишғол мекунанд. Дастаи мунтахаби Русия дар ҷои 11 – ум қарор дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






