БАҲСИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ПОЁН ЁФТ
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тайи чор панҷ моҳи охир миёни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» ва «Узтрансгаз» оид ба масъалаҳои техникӣ ва молиявӣ баҳс кашол дошт. Муовини аввали раиси КВД «Тоҷикгаз» Шавкат Шоимов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки баҳси байни «Тоҷикгаз» ва «Узтрансгаз» аслан сари ҳаҷмҳои интиқолӣ ва маблағи пардохти он буд, ки давоми чанд моҳи охир кашол ёфт. «Хушбахтона, ин масъала зимни мулоқоти масъулини ин ниҳодҳо, 9 апрели соли равон дар шаҳри Тошканд ҳалли худро ёфт ва «Тоҷикгаз» мутобиқи дархост ва талаботи истеъмолкунандагон аз «Узтрансгаз» бемамоният газ интиқол медиҳад», — идома дод Ш. Шоимов. Ёдовар мешавем, маблағе ки асос ба ин нофаҳмиҳо ва баҳсҳо буд, 700 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил мекард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






