БАҲСИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ПОЁН ЁФТ

Апрель 12, 2010 15:06

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тайи чор панҷ моҳи охир миёни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» ва «Узтрансгаз» оид ба масъалаҳои техникӣ ва молиявӣ баҳс кашол дошт. Муовини аввали раиси КВД «Тоҷикгаз» Шавкат Шоимов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки баҳси байни «Тоҷикгаз» ва «Узтрансгаз» аслан сари ҳаҷмҳои интиқолӣ ва маблағи пардохти он  буд, ки давоми чанд моҳи охир кашол ёфт. «Хушбахтона, ин масъала зимни мулоқоти масъулини ин ниҳодҳо, 9 апрели соли равон дар шаҳри Тошканд ҳалли худро ёфт ва «Тоҷикгаз» мутобиқи дархост ва талаботи истеъмолкунандагон аз «Узтрансгаз» бемамоният газ интиқол медиҳад», — идома дод Ш. Шоимов. Ёдовар мешавем, маблағе ки асос ба ин нофаҳмиҳо ва баҳсҳо буд, 700 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил мекард.     

Апрель 12, 2010 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад