БАРОИ ИНФРАСТРУКТУРАИ ДЕҲОТ

Апрель 23, 2010 10:30

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ дар 8 шаҳру маркази ноҳияҳои ҷумҳурӣ лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд,- иброз доштанд дар «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» -и шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар марҳилаи сеюми лоиҳа, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бинобар гузаронида нашудани тендери пудратчиён,  корҳои барқарорсозии системаҳо оғоз карда нашудааст. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо мақсади ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва ватанӣ баҳри татбиқи барнома  лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия намуда, ба ташкилотҳои марбута пешниҳод намуд. Аз ҷумла, лоиҳаи барқарорсозии системаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Данғара аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид  ва Рушд 6, 173 млн. доллари амрикоӣ ҷудо карда шудааст.

Апрель 23, 2010 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд