БОЛОРАВИИ НАРХИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА ЧӢ ВОБАСТА АСТ?

Апрель 6, 2010 12:21

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар моҳи феврали соли 2010 индекси нархҳои истеҳсолкунандахои маҳсулоти саноатӣ 102,5 фоизро ташкил дод, ки ин аз сабаби болоравии нархи маҳсулот дар саноати сабук ба андозаи 43,0 фоиз, саноати мошинсозӣ — 9,9, саноати сӯзишворӣ — 6,8 ва саноати масолеҳи сохтмон – 1,6 фоиз ба миён омадааст. Зимнан пастравии нархи маҳсулоти саноатӣ металлургияи ранга – 9,1 фоиз, ва саноати орду ярма – 2,8 фоиз ба қайд гирифта шудааст. Дар саноати сабук болоравии нарх ба қиматшавии нархи маҳсулоти саноати пахтатозакунӣ 56,4 фоиз ва саноати кешбофӣ 1,7  фоиз алоқаманд буда, дар саноати машинасозӣ ба 15,9 фоиз баланд рафтани нархи маҳсулоти кабелӣ ва дар саноати сохтмон ба 4 фоиз қимат шудани нархи семент вобаста аст,- иброз доштанд дар вазорати мазкур.   

Апрель 6, 2010 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад