БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕРАСОНАД

Апрель 13, 2010 16:52

Душанбе,  13 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Намояндаи  доимии  Бонки  рушди  Осиё  дар  Тоҷикистон  Макото Оҷиро  имрӯз   зимни  сӯҳбат бо  хабарнигорон  изҳор  намуд, ки  ҳамроҳи   Ҳукумати  Тоҷикистон   барномаи   стратегии  ҳамкориро  барои  панҷ  соли оянда  мувофиқа  намудааст. Барномаи  мазкур  моҳи  май  ба  муҳокимаи  Шӯрои  иҷроияи   Хазинаи  байналмилалии  асъор пешниҳод  карда  мешавад.  Қайд  карда шуд, ки  барнома  ҷудо  кардани қисми  бештари  маблағро барои   пешрафти  соҳаҳои  энергетика ва  хусусӣ  пешбинӣ  менамояд. Айни  ҳол  Бонки  рушди  Осиё  барои  иҷрои  барномаҳои  гуногун  дар  Тоҷикистон 380 миллион  доллари  ИМА  ҷудо  кардааст. Ояндаи наздик  барои  тармиму таҷдиди   роҳи мошингарди  Душанбе – Ваҳдат – Нуробод  — Ҷиргатол – Саритош ва  барқарор  сохтани  баъзе   муассисаҳои  соҳаи  тандурустӣ  низ  маблағ  ҷудо  карда  хоҳад  шуд,  гуфт  М.Оҷиро. Вай  зикр  намуд, ки  Бонки  рушди  Осиё  дар  давоми  се  соли  оянда   барои  пешрафти  соҳаи  энергетикаи  Тоҷикистон  252  миллион  доллар  ҷудо  хоҳад  кард. Мухбири  АМИТ «Ховар» ёдовар  мешавад, ки  Тоҷикистон  аз  соли 1998  узви  Бонки  рушди  Осиё  мебошад.  Бонки  мазкур  то  имрӯз ба  Тоҷикистон  ба  маблағи  қариб 560  миллион   доллари  ИМА   кӯмак  расонида,  қарзҳои  имтиёзнок  дода ва  барои  барномаҳои гуногун  маблағ  ҷудо  кардааст.

Апрель 13, 2010 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!