ЧАРО ДАСТАИ БОНУВОН ҒАЙРИФОЪОЛ БУД?

Апрель 1, 2010 16:37

Суғд, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Султон Гулмуродов).- Бори дуввум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чемпионати Осиёи марказӣ дар риштаи самбои варзишӣ ва самбои ҳарбӣ баргузор гардид. Макони ин Чемпионат шаҳри Чкаловскии вилояти Суғд буд. Дар Чемпионати мазкур намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Зиёда аз 100  варзишгар баҳри ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ талош варзиданд. Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони тоҷик ба рақибони хеш бо бештари медалҳои тилло пирӯзиро ба даст оварданд. Намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пас аз Тоҷикистон ба гирифтани зинаи дуввум дар ҳисоби даставӣ дастболо гардиданд. Қирғизҳо дар ҷои сеюм мавқеъ пайдо намуданд.  Ҳунар ва истеъдоди варзишгарони тоҷик Акмалиддин Каримов дар вазни 52 кг, Ризвониддин Бурҳонов дар вазни 62 кг, Абӯбакр Зоиров дар вазни 90 кг, Набимуҳаммад Хоркашов дар вазни 100 кг ва Зиёратшоҳ Баротов дар вазни аз 100 кг боло онҳоро ба қуллаи мақсад расонид ва тавонистанд дар самбои варзишӣ медалҳои тиллоро ба даст оранд. Мутаассифона миёни бонувон намояндагони тоҷик на он қадар ҳунари хуб нишон доданд. Бонувони тоҷик натавонистанд  медали тилло ба даст оваранд ва сабабашро сармураббии самбои Тоҷикистон Маҳмадшариф Сулаймонов дар навтаъсис будани тими занона арзёбӣ кард. Бонувони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳисоби дастави ба гирифтани зинаи аввал мушараф гардиданд. Фаридун Устопиров дар вазни 82 кг ва Акбар Фарҳодов дар вазни 90 кг бо зарбаҳои нишонрасашон ҳарифонро мағлуб карда, ба гирифтани мақоми аввал мушараф гардиданд. Дар ин намуди варзиш нисбати варзишгарон тими Ӯзбекистон хубтар баромад карда дар ҳисоби даставӣ зинаи аввалро касб карданд. Давраи сеюми мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2011 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор хоҳад шуд.  

Апрель 1, 2010 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст