ЧАРО ДАСТАИ БОНУВОН ҒАЙРИФОЪОЛ БУД?
Суғд, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Султон Гулмуродов).- Бори дуввум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чемпионати Осиёи марказӣ дар риштаи самбои варзишӣ ва самбои ҳарбӣ баргузор гардид. Макони ин Чемпионат шаҳри Чкаловскии вилояти Суғд буд. Дар Чемпионати мазкур намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Зиёда аз 100 варзишгар баҳри ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ талош варзиданд. Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони тоҷик ба рақибони хеш бо бештари медалҳои тилло пирӯзиро ба даст оварданд. Намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пас аз Тоҷикистон ба гирифтани зинаи дуввум дар ҳисоби даставӣ дастболо гардиданд. Қирғизҳо дар ҷои сеюм мавқеъ пайдо намуданд. Ҳунар ва истеъдоди варзишгарони тоҷик Акмалиддин Каримов дар вазни 52 кг, Ризвониддин Бурҳонов дар вазни 62 кг, Абӯбакр Зоиров дар вазни 90 кг, Набимуҳаммад Хоркашов дар вазни 100 кг ва Зиёратшоҳ Баротов дар вазни аз 100 кг боло онҳоро ба қуллаи мақсад расонид ва тавонистанд дар самбои варзишӣ медалҳои тиллоро ба даст оранд. Мутаассифона миёни бонувон намояндагони тоҷик на он қадар ҳунари хуб нишон доданд. Бонувони тоҷик натавонистанд медали тилло ба даст оваранд ва сабабашро сармураббии самбои Тоҷикистон Маҳмадшариф Сулаймонов дар навтаъсис будани тими занона арзёбӣ кард. Бонувони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳисоби дастави ба гирифтани зинаи аввал мушараф гардиданд. Фаридун Устопиров дар вазни 82 кг ва Акбар Фарҳодов дар вазни 90 кг бо зарбаҳои нишонрасашон ҳарифонро мағлуб карда, ба гирифтани мақоми аввал мушараф гардиданд. Дар ин намуди варзиш нисбати варзишгарон тими Ӯзбекистон хубтар баромад карда дар ҳисоби даставӣ зинаи аввалро касб карданд. Давраи сеюми мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2011 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор хоҳад шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






