ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН…
Душанбе, 1 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид Усмон Қайсар 31 март дар Боғи ботаникии шаҳри Душанбе намудҳои гуногуни ниҳолҳои покистонӣ, ба мисли локва, чинор ва кечнар шинонд. Дар ҷараёни сӯҳбаташ бо кормандони Боғи ботаникӣ дипломати покистонӣ изҳор дошт, ки ниҳолҳои мазкур рамзи дӯстиву рафоқат миёни ҳар ду миллати дӯсту бародар мебошанд. Бояд зикр кард, ки иқдоми ниҳолшинонӣ ва таъсиси гӯшаи байналмилалӣ дар Боғи ботаникии пойтахт аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи таҷлили 15-умин солгарди қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри 2009 ироа гардида буд. Дар он рӯз Сардори давлати Тоҷикистон аз намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон даъват ба амал оварда буд, ки дар Боғи ботаникии Душанбе гӯшаи байналмилалиро ташкил намоянд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






