ДАРВОЗ СОҲИБИ КОҲИ ФАРҲАНГУ ВАРЗИШГОҲ МЕГАРДАД

Апрель 29, 2010 15:47

Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар» Лутфишо Додо).- Дар ноҳияи Дарвоз сохтмони яке аз иншоотҳои муҳиме, ки бояд то рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ анҷом ёбад, бинои Коҳи фарҳанг мебошад. Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии назди дастгоҳи Президенти кишвар баробари дигар иншоотҳои ҷашнии вилоят маблағгузории онро низ ба уҳда дошта, ба хотири пешбурди корҳои сохтмонӣ 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Корҳои асосӣ аллакай сомон дода шудаанд. Қасри фарҳанг дорои 300 ҷойи нишаст буда, инчунин китобхонаи барҳавое низ дорад. Тавре аз Раёсати фарҳанги ноҳия хабар доданд,  кохи фарҳанг то рӯзи Ваҳдат мавриди истифодабарӣ қарор мегирад. Дар арафаи 13-умин солгарди таҷлил Рӯзи Ваҳдат дар маркази ноҳия инчунин толори варзишӣ барои 400 ҷойи нишаст ба истифодабарӣ дода мешавад. Дар ин ҷо баробари майдончаҳои волейболу баскетбол ҳавзи замонавии шиноварӣ низ ба истифодабарӣ дода мешавад.

Апрель 29, 2010 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!