ДИПЛОМАТИ САУДӢ ДАР ХУҶАНД
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). –Масоили ба роҳмонии ҳамкории судманди тарафайн дар мавриди рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла бунёди корхонаҳои муштарак ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда 1 апрел, зимни мулоқоти раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов ва Кордори Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулраҳмон ибни Саид ал-Ҷумъа баррасӣ гардид. С. Мирхолиқов оид ба шаҳри Хуҷанд, ки дар радифи шаҳрҳои қадимтарини дунё яке аз шаҳрҳои соҳибтаъриху соҳибтамаддун маҳсуб мешавад ва имрӯз низ дар даврони истоқлол ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиаш бо суръат ривоҷ меёбанд, иттилоъ дод. Дар навбати худ Абдулраҳмон ибни Саид ал-Ҷумъа ҳусни таваҷҷӯҳи кишварашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷумла маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд иброз дошт. Дар дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нимаи дуюми рӯз Кордори Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз осорхонаи таърихӣ, маҷмааи таърихии «Шайх Маслиҳатдин» ва бозори «Панҷшанбе», ҳамчунин аз Қасри фарҳанги Арбоби хоҷагии ба номи Урунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан мекунад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






