ФАРЗАНДИ ЭМОМАЛӢ БАРАНДАИ МЕДАЛИ ТИЛЛО

Апрель 8, 2010 11:44

33 нафар  хонандагони болаёқати  Тоҷикистон  дар  олимпиадаи  байналмилалии фосилавӣ оид ба  асосҳои  илм  дар  шаҳри  Екатеринбурги  Федератсияи  Россия  иштирок   намуда,  рӯзи  7  апрел бо  31 медал  ба  Ватан  омаданд. Онҳо  соҳиби  5  медали  тилло,  9  медали  нуқра,  17  медали  биринҷӣ ва  ду  ҷойи  ифтихорӣ  шуданд. Медали  тиллоӣ аз  фанни  забони русӣ  насиби  хонандаи  синфи  6 – уми  литсейи президентии  шаҳри  Душанбе  Раҳмонова  Фарзона  — фарзанди Президенти  мамлакат  Эмомалӣ  Раҳмон  гашт. Хотиррасон  бояд  намуд, ки чунин  олимпиада бо иштироки  хонандагони  синфҳои  5 – 9 бори  6 – ум  баргузор  мегардад. Хонандагони  болаёқади Тоҷикистон  бори  аввал  дар он  иштирок намуда,  соҳиби  медалҳо  ва  ҷойҳои  ифтихорӣ  шуданд ва барои  иштироки  Ватани  худ  дар  олимпиадаи соли оянда, ки дар Олмон баргузор  хоҳад шуд,  замина  муҳайё  намуданд. Олимпиада  аз  фанҳои  забони русӣ ,  адабиёти  рус,  забони  англисӣ,  биология, математика, физика ва  кимиё сурат  гирифтааст. Бояд таъкид   намуд, ки Тоҷикистон  дар  олимпиада  аз  ҷиҳати  шумораи  иштироккунандагон баъди  Федератсияи  Россия  дар  ҷойи  дуюм  қарор  дошт.

Апрель 8, 2010 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!