ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ОБ БА ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚА МУСОИДАТ МЕНАМОЯД
Душанбе, 21 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи оқилонаи об татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар кишвар аст, ки он дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ, бахусус таъмини кишварҳои минтақа бо барқи аз лиҳози экологӣ тоза мусоидат менамояд», гуфт зимни баргузории конфронси илмию амалии «Об манбаи ҳаёт» вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов. Конфронси мазкур бо ибтикори Вазорати маорифи ҷумҳурӣ созмон дода шуда, дар он олимону муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ ва олии касбии ҷумҳурӣ ширкат намуданд. Дар конфронс зикр шуд, ки ташаббуси Сардори давлати Тоҷикистон дар мавриди «Даҳсолаи амалиёти Об барои ҳаёт» эълон кардани солҳои 2005-2015 аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола шаҳодат медиҳад. Дар ҷаласаҳои конфронс олимони варзидаи ҷумҳурӣ Ф. Комилов, Г. Раҳимхудоев дар мавриди низоми иттилоотии раванди таъсири антропогенӣ ба муҳити обӣ ва баланд бардоштани фарҳанги фаъолияти хоҷагидории инсон барои оқилона истифода бурдани оби тоза табодули назар карданд. Дар бахшҳои алоҳидаи конфронс чил мавзӯъ вобаста ба проблемаҳои об мавриди таҳлилу баррасии олимон қарор гирифтанд.