ИЗҲОРОТИ МУНШИИ УМУМИИ СҲШ
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Муншии умумии Созмони ҳамкории Шанхай Муродбек Имоналиев дар робита бо воқеаҳои Ҷумҳурии Қирғизистон изҳорот дарҷ намуд. Дар изҳорот аз ҷумла, гуфта мешавад, ки Созмони ҳамкории Шанхай вобаста ба воқеаҳои дар давоми рӯзҳои охир баамаломада изҳори ташвиш менамояд. Дар натиҷаи задухӯрдҳо ва бетартибиҳо теъдоди зиёди одамон қурбон шуданд. Мо ба аҳли оилаи қурбоншудагон ҳамдардӣ изҳор менамоем. Қирғизистон узви Созмони ҳамкории Шанхай ва хамсояи наздики мамлакатҳои дигари аъзои созмон мебошад. Таъмини сулҳу амният ва суботи вазъи сиёсии ин мамлакат барои тамоми минтақа аҳамияти калон дорад. СҲШ умедвор аст, ки дар Қирғизистон ҳар чӣ зудтар тартиботи қонунӣ ва созгории миллӣ барқарор карда хоҳад шуд. Ҳимояи манфиатҳои мардуми Қирғизистон ҳаминро талаб менамояд. Созмони ҳамкории Шанхай ва мамлакатҳои аъзои он ба ҳифзи сулҳу субот дар қаламрави СҲШ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






