КӮМАКИ ШИРКАТИ ДАВЛАТИИ СУҒУРТА БА ЗАРАРДИДАГОН

Апрель 21, 2010 12:21

Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Моҳи апрели соли ҷорӣ боронҳои сел ва пай дар пай ба аҳолии ҳамаи ноҳияҳои   минтақаи Кӯлоб хисороти зиёд овард. Боронҳои сели рӯзҳои 17 ва 18 – уми апрели соли ҷорӣ боз аз нав дарёи Сурхобро ба тӯғён овард ва дар натиҷаи баланд шудани сатҳи об 57 хоҷагӣ дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ зарар дид, 253  сар гову моли мардум ба коми дарё рафт, беш аз 1 ҳазор гектар замини кишт зери обу лой монд, 2 сокини ноҳияи Шурообод ва як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҳалокат расиданд. Ба гуфти сардори ширкати суғуртаи давлатии минтақаи Кӯлоб Саидумар  Сайфуллоев, 30 фоизи хонаҳои истиқоматии 5 ноҳияи ин минтақа қисман ва ё пурра хароб гардиданд. Ширкати суғурта ба 409 хонавода, ки қаблан бо шикати мазкур шартнома доштанд, маблаги шартномаро пурра пардохт хоҳад кард. Баъд аз аниқ шудани зарари хисорот ба ҳамаи оилаҳои зарардида баробар кӯмак расонида мешавад,- гуфт раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев телефонӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».

Апрель 21, 2010 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!