КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА

Апрель 2, 2010 10:42

Маскав,  2 апрел. (АМИТ «Ховар»). —  8  апрел дар  Маскав  бори  аввал  дар таърихи  Иттиҳоди  давлатҳои  мустақил  бахшида ба  65 – солагии ғалабаи  халқҳои  шӯравӣ  дар  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ   конфронси  байналхалқӣ  баргузор  мегардад. Конфронси  мазкур  мувофиқи  нақшаи   байнидавлатии  тадбирҳои  асосии таҷлили  65 – солагии  ғалаба   бо  кӯмаки  Вазорати  маориф  ва  илм, инчунин  Академияи  илмҳои  Русия  гузаронида  мешавад. Дар  конфронс  ходимони  намоёни  ҷамъиятӣ  ва  коршиносони  мамлакатҳои  ИДМ,  Иттиҳоди  Аврупо, ИМА ва  Чин  ширкат  меварзанд. Иштирокчиёни  конфронс  мулоҳизаҳояшонро  дар  бораи   сабақи  Ҷанги  дуюми  ҷаҳон барои  тамоми  ҷомеаи  ҷаҳон,  таҳдидҳои  имрӯза  ба  сулҳ,  саҳми  халқҳои  Иттиҳоди  Шӯравӣ  дар  ғалаба  бар  фашизм,  поси  хотираи  иштирокчиёни  ҷанг, инъикоси  воқеъбинонаи  таърихи  ҷанг,  арзишҳо  ва   таҷрибаи   иттифоқчигӣ, дар  амал  татбиқ  намудани  ғояҳои  СММ  ва  ғайр  баён  хоҳанд  кард. Дар  конфронси  мазкур  набераи  Уинстон Черчил  низ  иштирок  менамояд. Дар  доираи  конфронс   намоиши  ҳуҷҷатҳои  таърихӣ  бахшида ба  ҶБВ  ташкил  карда  мешавад, ки  онро  агентиҳои  иттилоотии мамлакатҳои  ИДМ  ҷамъ  меоранд.  

Апрель 2, 2010 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!