КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА
Маскав, 2 апрел. (АМИТ «Ховар»). — 8 апрел дар Маскав бори аввал дар таърихи Иттиҳоди давлатҳои мустақил бахшида ба 65 – солагии ғалабаи халқҳои шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ конфронси байналхалқӣ баргузор мегардад. Конфронси мазкур мувофиқи нақшаи байнидавлатии тадбирҳои асосии таҷлили 65 – солагии ғалаба бо кӯмаки Вазорати маориф ва илм, инчунин Академияи илмҳои Русия гузаронида мешавад. Дар конфронс ходимони намоёни ҷамъиятӣ ва коршиносони мамлакатҳои ИДМ, Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Чин ширкат меварзанд. Иштирокчиёни конфронс мулоҳизаҳояшонро дар бораи сабақи Ҷанги дуюми ҷаҳон барои тамоми ҷомеаи ҷаҳон, таҳдидҳои имрӯза ба сулҳ, саҳми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ғалаба бар фашизм, поси хотираи иштирокчиёни ҷанг, инъикоси воқеъбинонаи таърихи ҷанг, арзишҳо ва таҷрибаи иттифоқчигӣ, дар амал татбиқ намудани ғояҳои СММ ва ғайр баён хоҳанд кард. Дар конфронси мазкур набераи Уинстон Черчил низ иштирок менамояд. Дар доираи конфронс намоиши ҳуҷҷатҳои таърихӣ бахшида ба ҶБВ ташкил карда мешавад, ки онро агентиҳои иттилоотии мамлакатҳои ИДМ ҷамъ меоранд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






