КОРИ ИЛМӢ ОИД БА ОСЕБДИДАГОНИ МИНАҲО
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 то имрӯз аз таркиши минаҳо ва муҳимоти нотаркида 498 нафар маҷрӯҳ ва 356 нафар ҳалок гардидаанд. Осебдидагон аз таркиши мина ба гурӯҳи алоҳидаи маъюбон, ки осеби рӯҳӣ низ гирифтаанд, дохил мешаванд. Райҳон Мӯъминова аз аввалин олимаҳое мебошад, ки дар давоми 5 сол оид ба ҳолати рӯҳии зарардидагон аз мина корҳои тадқиқотӣ бурда аст. Мавсуф таҳти роҳбарии академики Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия, профессор Сергей Никифорович Пузин дар мавзӯи «Табобати осебдидагони мина дар Тоҷикистон» диссертатсияи номзадӣ ҳимоя намуд. Дар асоси пажӯҳиши худ Райҳон Мӯъминова кӯшиш дорад, шумораи зиёди осебдидагон ба меҳнати фоиданок ҷалб шаванд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






