МАҶЛИСИ САЙЁРИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗ

Апрель 13, 2010 11:08

Душанбе,  13 апрел. (АМИТ «Ховар»,  Наталя  Михайлова). —  Дар  шаҳри  Қӯрғонтеппа  маҷлиси  сайёри  Шӯрои  ҳамоҳангсози  тадбирҳои  мубориба ба  муқобили  истеъмоли   маводи  нашъадор  баргузор  гардид.  Дар он  роҳбарону  намояндагони  вазоратҳои тандурустӣ,  маориф,  меҳнат  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ,  молия,  фарҳанг,   кумитаҳои  ҷавонон,  варзиш ва  сайёҳӣ,  телевизион  ва радио,  занон  ва  оила  ширкат  варзиданд. Маҷлис  таҳти  раёсати   муовини  Сарвазири  ҷумҳурӣ,   раиси  Шӯрои  ҳамоҳангсоз  Руқия  Қурбонова  гузашт. Иштирокчиёни маҷлис ҳисоботи роҳбарияти  Шӯрои  ҳамоҳангсозро  дар  мавзӯи  пешгирии   истеъмоли  аз  хад  зиёди  маводи  нашъадор  дар  вилояти  Хатлон  ва  натиҷаҳои тафтиши  аввали  моҳи  марти  соли равон  гузаронидашуда шунида  ва  муҳокима  карданд. Қайд  карда шуд, ки  дар  вилоят   шумораи   духтурони  соҳавӣ   кам  буда,   маҷлисҳои  Шӯрои  ҳамоҳангсоз  номунтазам  гузаронида ва  мақомоти  давлатӣ  дар  бобати  пешгирии   нашъамандӣ  бо  корхонаю  муассисаҳо мувофиқи талаб  ҳамкорӣ  намекунанд.  Зикр  шуд, ки  айни  ҳол  дар  вилояти  Хатлон  1398  нашъаманд  ба  қайд  гирифта  шудааст. Аз ин  ҷумла 34  нафар  занон  мебошанд. Дар  маҷлис  ба  мақомоти  дахлдори  вилоят  тавсия  дода шуд, ки  ташвиқу тарғиби тарзи  ҳаёти  солимро  дар байни  аҳолӣ  пурзӯр  намояд.

Апрель 13, 2010 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд