МАҶЛИСИ САЙЁРИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗ
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар шаҳри Қӯрғонтеппа маҷлиси сайёри Шӯрои ҳамоҳангсози тадбирҳои мубориба ба муқобили истеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид. Дар он роҳбарону намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, фарҳанг, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, занон ва оила ширкат варзиданд. Маҷлис таҳти раёсати муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, раиси Шӯрои ҳамоҳангсоз Руқия Қурбонова гузашт. Иштирокчиёни маҷлис ҳисоботи роҳбарияти Шӯрои ҳамоҳангсозро дар мавзӯи пешгирии истеъмоли аз хад зиёди маводи нашъадор дар вилояти Хатлон ва натиҷаҳои тафтиши аввали моҳи марти соли равон гузаронидашуда шунида ва муҳокима карданд. Қайд карда шуд, ки дар вилоят шумораи духтурони соҳавӣ кам буда, маҷлисҳои Шӯрои ҳамоҳангсоз номунтазам гузаронида ва мақомоти давлатӣ дар бобати пешгирии нашъамандӣ бо корхонаю муассисаҳо мувофиқи талаб ҳамкорӣ намекунанд. Зикр шуд, ки айни ҳол дар вилояти Хатлон 1398 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҷумла 34 нафар занон мебошанд. Дар маҷлис ба мақомоти дахлдори вилоят тавсия дода шуд, ки ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солимро дар байни аҳолӣ пурзӯр намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






