МАЪРАКАИ АСКАРГИРӢ ДАВОМ ДОРАД

Апрель 16, 2010 13:29

Душанбе,  16 апрел. (АМИТ «Ховар», Фирдавс  Таваров). —  Маъракаи  даъвати  баҳоронаи  ҷавонон  ба  хизмати  ҳарбӣ  дар  мамлакат  нисбат ба   солҳои гузашта  фаъолонаю  самарабахштар  давом дорад.  Аз  дафтари  матбуоти  Вазорати  мудофиаи  ҷумҳурӣ ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  баъзе  ноҳияҳо   нақшаи  даъвати  баҳориро  ҳанӯз  дар  давоми  даҳ рӯзи  аввали  оғози  он  иҷро  намуданд. Аз  ҷумла, нақшаи  даъвати  ҷавонон  ба  хизмати  ҳарбӣ  дар  ноҳияҳои  Мурғобу  Шуғнон  ва  шаҳри  Норак  дар  муддати  кӯтоҳ  иҷро  карда  шуд. Нақшаи  даъвати  ҷавонон  ба  хизмати  ҳарбӣ  дар  вилояти  Хатлон  то  имрӯз  40  фоиз,  вилояти  Суғд  35  фоиз, ВМКБ  70 фоиз, ноҳияҳои тобеи  марказ қариб  34  фоиз  ва  шаҳри  Душанбе  30  фоиз  иҷро  карда  шуд. Тавре  хабар  дода шуда буд,    маъракаи  даъвати  ҷавонон    ба  хизмати  ҳарбӣ  дар   ҷумҳурӣ  аз  1  апрели  соли  равон  шурӯъ шуд  ва то  охири  моҳи  май  давом  мекунад.  Ба  хизмати  ҳарбӣ  шаҳрвандоне  фиристода  мешаванд, ки дар  давоми  солҳои 1983 – 1992  таваллуд  шудаанд.

Апрель 16, 2010 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!