МАЪРАКАИ АСКАРГИРӢ ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — Маъракаи даъвати баҳоронаи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар мамлакат нисбат ба солҳои гузашта фаъолонаю самарабахштар давом дорад. Аз дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки баъзе ноҳияҳо нақшаи даъвати баҳориро ҳанӯз дар давоми даҳ рӯзи аввали оғози он иҷро намуданд. Аз ҷумла, нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияҳои Мурғобу Шуғнон ва шаҳри Норак дар муддати кӯтоҳ иҷро карда шуд. Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон то имрӯз 40 фоиз, вилояти Суғд 35 фоиз, ВМКБ 70 фоиз, ноҳияҳои тобеи марказ қариб 34 фоиз ва шаҳри Душанбе 30 фоиз иҷро карда шуд. Тавре хабар дода шуда буд, маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ аз 1 апрели соли равон шурӯъ шуд ва то охири моҳи май давом мекунад. Ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандоне фиристода мешаванд, ки дар давоми солҳои 1983 – 1992 таваллуд шудаанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






