МЕҲНАТИ ФИДОКОРОНА ВА ҚАҲРАМОНИИ ТОҶИКОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТА
Маскав, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 8 апрел дар Китобхонаи давлатии шаҳри Маскав дар доираи Конфронси байналмилалии бахшида ба 65 – солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон дар мавзӯи «Ғалаба бар фашизм ва аҳамияти он барои халқҳои ИДМ ва ҷаҳон» маҳфилҳои гуногун баргузор гардиданд. Дар ин маҳфилҳо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзиданд. Аз ҷумла, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми таърих Раҳим Масов дар маърӯзаи худ роҷеъ ба меҳнати фидокоронаи тоҷикон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сухан ронд. Олими дигари тоҷик, номзади илми таърих, дотсент Абдулло Ғафуров дар бораи фаъолияти шифохонаҳои ҳарбии солҳои ҷанг дар Тоҷикистон кушодашуда, тадбирҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи таъминоти моддию маънавии онҳо, кӯмаки аҳолӣ ба шифохонаҳои ҳарбӣ, инчунин бевосита ба аскарони сурхи маҷрӯҳшуда ва ғайра нақл кард. Қайд карда шуд, ки солҳои ҷанг дар Тоҷикистон 29 шифохонаи ҳарбӣ фаъолият дошт ва дар онҳо зиёда аз 28 ҳазор аскару афсар табобат карда шуд. Доктори илми таърих Виктор Дубовитский таваҷҷӯҳи иштирокчиёни конфронсро ба далелҳо ва рақамҳои сершумори ҳамкории аҳолии маҳаллӣ бо марзбонон ҷалб намуд. Вай мисол овард, ки фасли зимистони солҳои 1942 – 1943 сокинони Ишкошим хизматчиёни ҳарбии посгоҳи «Баршор» — ро аз гуруснагии марговар наҷот дода буданд. Аҳолии маҳаллӣ, хусусан бачагон бо пайраҳаҳои душворгузари кӯҳистон бо навбат барои хизматчиёни ҳарбӣ 2 – 3 килограммӣ орд бурда, онҳоро аз гуруснагӣ наҷот доданд. Соли 1943 чор нафар бачагоне, ки ба марзбонон кӯмак расонида буданд, бо медалҳо мукофотонида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд






