МУБОРИЗА ДАР МАЙДОНИ 149 ҲАЗОР ГЕКТАР

Апрель 9, 2010 08:55

Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ ҳам мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, аз ҷумла, малах давом дода мешавад. Мутахассисон дар моҳи март дар майдони 275 ҳазор гектар дар ҷойи эҳтимолии тухмгузории малах мушоҳидаҳо гузарониданд. Натиҷаи мушоҳидаи олимону мутахассисон  нишон дод, ки  дар майдони 149 ҳазор гектар   малах тухм гузоштааст. Бино ба гуфти сардори Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ Юсуф Муродов, барои муборизаи дастҷамъона бар зидди малах заҳрҳои кимиёвӣ, сӯзишвории дизелӣ, дорупошакҳои дастӣ ва либосҳои муҳофизавӣ зарур аст. Новобаста аз мушкилоти мавҷуда, тамоми чораҳо андешида мешаванд, ки дар давраи якуми инкишофёбӣ,  малах ва дигар ҳашароти зараррасон нобуд   карда шаванд.                  

Апрель 9, 2010 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид