МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО САФИРИ БЕЛГИЯ

Апрель 13, 2010 11:03

Душанбе,  13 апрел. (АМИТ «Ховар»,  Наталя  Михайлова). —  Вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ 12  апрел  бо  сафири  давлати  шоҳигарии  Белгия  дар  Тоҷикистон  Даниел  Бертран  мулоқот  кард.  Зимни  сӯҳбат  масъалаҳои  марбут ба   ҳамкории  Тоҷикистону  Белгия,  таъмини  амнияти  сарҳадҳо ва  вазъияти  Афғонистон  муҳокима  карда  шуданд. Д.Бертран дар  оғози  сӯҳбат  аз номи  ҳукумати  мамлакаташ  ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  дастгирии  тадбирҳои  барқарор  сохтани  сулҳу  субот  дар  Афғонистон  изҳори  сипос  намуд. Ҳ.Зарифӣ   аҳамияти  барқарор  сохтани  иқтисодиёти  Афғонистонро  бо  роҳи  амалӣ  сохтани барномаҳои  дорои  аҳамияти  минтақавӣ,  аз  ҷумла  сохтмони   роҳҳои  оҳану  мошингард,  нерӯгоҳҳои  барқи  обӣ  ва  кашидани  хатҳои  интиқоли  барқ  таъкид  намуд. Мусоҳибон  инчунин масъалаҳои  марбут ба  ҳамкории  давлатҳои  минтақаи  Осиёи  Марказӣ,  транзити  мол  барои   Афғонистон ва  проблемаҳои  дигари байналмилалиро  мавриди баррасӣ  қарор  доданд. Дар  мулоқот  муовини   вазири  корҳои  хориҷӣ  Озода  Раҳмонова  иштирок  намуд.  

Апрель 13, 2010 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид