МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО А. МАЛИК

Апрель 30, 2010 08:13

29 апрели соли 2010 нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдурраҳмон Маликро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд. Мубодилаи иттилооту таҷриба ҳамгироӣ дар мубориза бо ҷинояткории созмонёфтаи байналмилалӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид. Аз равобити пайваста ва ҳамкории сеҷонибаи миёни Тоҷикистон ва  Покистон ва Афғонистон ва чорҷониба бо ҳамроҳшавии Федератсияи Русия, ки рў ба густариш доранд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории иќтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётию транзитии Тоҷикистону Покистон  сурат гирифт. Ба гуфти Абдурраҳмон Малик, Тоҷикистон метавонад аз иќтидори транзитии бандари Гвадари Покистон бемонеа истифода барад. Татбиқи лоиҳаи КАСА – 1000 оид ба бунёди хатти 500 киловолтаи интиќоли нерўи барќ аз Тоҷикистон ба Покистон дорои аҳамияти ҳаётан муҳим барои ҳарду давлат ва дигар кишварҳои минтаќа маънидод гардид. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Апрель 30, 2010 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд