МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО А. МАЛИК
29 апрели соли 2010 нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдурраҳмон Маликро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд. Мубодилаи иттилооту таҷриба ҳамгироӣ дар мубориза бо ҷинояткории созмонёфтаи байналмилалӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид. Аз равобити пайваста ва ҳамкории сеҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Покистон ва Афғонистон ва чорҷониба бо ҳамроҳшавии Федератсияи Русия, ки рў ба густариш доранд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории иќтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётию транзитии Тоҷикистону Покистон сурат гирифт. Ба гуфти Абдурраҳмон Малик, Тоҷикистон метавонад аз иќтидори транзитии бандари Гвадари Покистон бемонеа истифода барад. Татбиқи лоиҳаи КАСА – 1000 оид ба бунёди хатти 500 киловолтаи интиќоли нерўи барќ аз Тоҷикистон ба Покистон дорои аҳамияти ҳаётан муҳим барои ҳарду давлат ва дигар кишварҳои минтаќа маънидод гардид. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






