МУЛОҚОТИ ЗАРИФӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ВОЛОМАҚОМИ ХИТОЙ

Апрель 29, 2010 09:17

Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дирӯз,  28 апрел,  дар шаҳри Пекин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Тсзипин баргузор гардид. Дар оғоз Вазири корҳои хориҷӣ паёми гарми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ҳу Тсинтао ва шахсан ба Си Тсзипин расонид. Дар рафти гуфтушунид сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Хитой ва ҳамкориҳо дар чорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин роҳҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судмандро муҳокима намуданд. Ҳамсӯҳбатон инчунин оид ба соири масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, ки мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо мебошанд, мудобилаи афкор намуданд. Дар поён сӯҳбати муовини Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой паёми гарми ҷавобии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ҳу Тсинтао ва худро ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид. Худи ҳамон рӯз дар бинои Бонки содирот ва воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой мулоқоти Вазир бо Президенти ин Бонк Ли Жогу баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи савдо ва иқтисод мубодилаи назар намуда, нақши Бонкро дар роҳандозии лоиҳаҳои муштарак баланд арзёбӣ карданд. Ҳамрохон Зарифӣ ва Ли Жогу ҳамчунин иҷроиши лоиҳаҳои иқтисодиву тиҷоратии Тољикистонро бо иштироки ин Бонк баррасӣ ва муҳокима намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд.

Апрель 29, 2010 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!