МУЛОҚОТИ ЗАРИФӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ВОЛОМАҚОМИ ХИТОЙ
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дирӯз, 28 апрел, дар шаҳри Пекин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Тсзипин баргузор гардид. Дар оғоз Вазири корҳои хориҷӣ паёми гарми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ҳу Тсинтао ва шахсан ба Си Тсзипин расонид. Дар рафти гуфтушунид сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Хитой ва ҳамкориҳо дар чорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин роҳҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судмандро муҳокима намуданд. Ҳамсӯҳбатон инчунин оид ба соири масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, ки мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо мебошанд, мудобилаи афкор намуданд. Дар поён сӯҳбати муовини Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой паёми гарми ҷавобии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ҳу Тсинтао ва худро ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид. Худи ҳамон рӯз дар бинои Бонки содирот ва воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой мулоқоти Вазир бо Президенти ин Бонк Ли Жогу баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи савдо ва иқтисод мубодилаи назар намуда, нақши Бонкро дар роҳандозии лоиҳаҳои муштарак баланд арзёбӣ карданд. Ҳамрохон Зарифӣ ва Ли Жогу ҳамчунин иҷроиши лоиҳаҳои иқтисодиву тиҷоратии Тољикистонро бо иштироки ин Бонк баррасӣ ва муҳокима намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






