Н.БОРДЮЖА ДАР БОРАИ ВАЗЪИЯТИ ҚИРҒИЗИСТОН
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа зимни сӯҳбат бо мухбири Агентии иттилоотии «24 кг» изҳор намуд, ки ҳамаи мамлакатҳои аъзои созмон аз вазъияти дар Қирғизистон рухдода изҳори ташвиш менамоянд. Вай зикр намуд, ки дар бораи сабабҳои муташанниҷ гардидани вазъияти Қирғизистон чизе гуфтан душвор аст, вале хабарҳои аз Бишкек расида дар бораи ҳалок шудани одамон сабаби ташвиши ҷиддӣ мегарданд. Мо ба ақли солим ва хирадмандии ҳамаи тарафҳои даргир умедворем, гуфт Н.Бордюжа. Вай қайд кард, ки боварӣ дорад, ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифин дар Қирғизистон душвории вазъиятро дарк намуда, барои ба эътидол овардани он кӯшиш ба харҷ дода, хунрезии беҳуда ва хараҷу мараҷро барҳам медиҳанд. Қирғизистон яке аз иттифоқчиёни Русия ва узви созмонҳои дар қаламрави ИДМ ташкилёфта буд ва мебошад. Мо мухолифин ва ҳукумати Қирғизистонро даъват мекунем, ки барои таъмини амнияти мамлакат ва мардуми он аз ҳадафҳои ғаразнок даст кашида, сари мизи мушовара нишинанд, гуфт Н.Бордюжа.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






