НАҚШАҲОИ КАЛОНИ МУРҒҲОИ ЗОТӢ
Суғд, 7 апрел.(АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Таъмини бозори дохилӣ бо тухм ва гӯшти парҳезии парранда яке аз рукнҳои муҳими расидан ба истиқлолияти озуқавории мамлакат мебошад. Дар фабрикаи паррандапарварии ҶС «Симурғ»-и шаҳри Истаравшан давоми як моҳи гузашта қариб 15 ҳазор сар чӯҷаҳои хушсифати дар оянда тухмдеҳ аз хелҳои маъруфи олмонии «Ломан-браун» истеҳсол карда шуд, ки ин як моҳро таҷриба гуфтан мумкин аст, аммо асли ин зиёд кардани саршумори паррандаи хушсифат мебошад. Фабрикаи паррандапарварии ҶС «Симурғ»-и шаҳри Истаравшан дар як сол имкон дорад аз хелҳои сермаҳсул то 1 миллион саршумор чӯҷа истеҳсол намуда, ба фабрикаҳо ва умуман ба паррандапарварону аҳолӣ фурӯшад. Зеро иқтидори як моҳаи фабрика хобонидани то 135 ҳазор тухм ва гирифтани 80-90 ҳазор сар чӯҷа мебошад. Баъди оғози кор ва таҷрибаи якмоҳа Фабрикаи паррандапарварии ҶС «Симурғ»-и шаҳри Истаравшан бо дастгирии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон» оид ба ташкили корхонаи муштарак бо яке аз ширкатҳои номдори паррандапарварии Ҷумҳурии Олмон оид ба роҳ мондани истеҳсоли инкубатсионии чӯҷаҳои ҳамаи 7-8 маъруфи мурғҳои тухмдеҳу гӯшти парҳезии «Ломан-браун» гуфтушунид анҷом медиҳад, ки бино ба пешбиниҳо самараи хуб меоварад.