НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР ДУ РӮЗ ИҶРО ШУД
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо фармони Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ аз 1 –уми апрели соли ҷорӣ даъвати баҳории даъватшавандагони соли таваллудашон 1983 – 92 ба хизмати аскарӣ дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» оғоз ёфт. Бино ба иттилои сардори дафтари матбуотии Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадалиев, рӯзи 3 – юими апрел, ду руз баъди интишори фармони Президент дар бораи даъват ба сафи қуввахои мусллаҳи ҶТ, аввалин шуда ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои нақшаи даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати Ватан — модар хабар дод. Имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ин маъракаи сиёсӣ муташаккилона мегузарад. Худо кунад, ки даъват бе «облава» дар сатҳи олӣ анҷом ёбад ва ҷавонони солиму бардам сафи қувваҳои мусаллаҳро пурраю мустаҳкам кунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






