НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР ДУ РӮЗ ИҶРО ШУД

Апрель 13, 2010 10:28

Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо фармони Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ   аз 1 –уми апрели соли ҷорӣ даъвати баҳории  даъватшавандагони соли таваллудашон 1983 – 92 ба хизмати аскарӣ   дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадориҳои  умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»   оғоз ёфт. Бино ба иттилои сардори дафтари матбуотии Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадалиев,  рӯзи 3 – юими апрел, ду руз баъди интишори фармони Президент дар бораи даъват ба сафи қуввахои мусллаҳи ҶТ, аввалин шуда ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои нақшаи даъвати навбатии   ҷавонон ба хизмати Ватан —  модар хабар  дод. Имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ин маъракаи сиёсӣ муташаккилона мегузарад. Худо кунад, ки даъват бе «облава» дар сатҳи олӣ анҷом ёбад ва ҷавонони  солиму бардам сафи қувваҳои мусаллаҳро пурраю мустаҳкам кунанд.

Апрель 13, 2010 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар