НАМОЯНДАИ МАХСУСИ СММ БА ҚИРҒИЗИСТОН ФИРИСТОДА МЕШАВАД

Апрель 9, 2010 09:18

Душанбе,  9 апрел. (АМИТ «Ховар»). —  Муншии  умумии  СММ Пан  Ги  Мун  изҳор намуд, ки  намояндаи  махсуси  худ  Ян Кубишро  фавран  ба  Бишкек  мефиристад. Ян  Кубиш  имрӯз  ба  пойтахти  Қирғизистон  хоҳад  рафт.  Инчунин  хабар  дода  мешавад, ки  намояндаи  махсуси  Созмони   амнияту  ҳамкории  Аврупо  низ  ба  Қирғизистон  фиристода  хоҳад  шуд. Тавре  хабар  дода шуда буд, вазъияти  Қирғизистон  се  рӯз  боз  ниҳоят  муташанниҷ  мебошад.  Дар  натиҷаи  муноқишаҳои  мусаллаҳона  ва  бетартибиҳо  дар  Қирғизистон  ҳукумати  муваққатӣ  ташкил  карда  шуд.  Дар  давоми  рӯзҳои  гузашта  дар  Қирғизистон  74  кас  ҳалок  ва   500 нафар  маҷрӯҳ  шуд. Роҳбари  Ҳукумати  муваққатӣ   Роза  Отунбоева  изҳор  намуд, ки   барои  мӯътадил  гардонидани  вазъияти  мамлакат  тадбирҳои таъҷилӣ  андешида  мешаванд.         

Апрель 9, 2010 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд