НАВИСАНДАИ ТОҶИК – БАРАНДАИ ҶОИЗАИ АДАБИИ РУСИЯ
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар»). — 12 апрел дар Маскав натиҷаҳои озмуни панҷуми адабии «Русская премия» ҷамъбаст карда шуд. Дар озмуни мазкур асарҳои беҳтарини адибоне муайян карда шудаанд, ки дар мамлакатҳои дигар кору зиндагӣ карда, ба забони русӣ асар эҷод менамоянд. Маросими супоридани ҷоизаҳои озмун дар «Президент — отел» баргузор гардид. Озмун дар бахши асарҳои калонҳаҷм, назм, асарҳои ҳаҷман хурд ва адабиёти бачагона ҷамъбаст карда шуд. Ҷоизаи озмун дар бахши асарҳои нисбатан хурди насрӣ дар соли 2009 ба нависандаи тоҷик Алишер Ниёзов муносиб дониста шуд. Ҳайати доварони озмун маҷмӯаи ҳикояҳои А.Ниёзов «Фарҳод ва Ширин» — ро ба ин ҷоиза сазовор донист. Алишер Ниёзов дар байни нависандагон бо тахаллуси Алексей Турк машҳур буда, айни ҳол дар Қирғизистон зиндагӣ мекунад. Дар озмун инчунин асарҳои адибони Арманистон Мариам Петросян, ИМА Мария Тиматова, адиби украин Алексей Курилко, адиби молдавӣ Олеся Рудягина ва дигарон сазовори ҷоиза гардиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар озмуни мазкур барои ҷои аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 2000 доллари ИМА ва барои ҷои сеюм 1,5 ҳазор доллари ИМА мукофот дода мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






