НИШАСТИ МАТБУОТИИ ПРОКУРОРИ ВИЛОЯТ
Хуҷанд, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Прокурори вилояти Суғд Юсуф Раҳмонов 12 апрел дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар давоми се моҳи аввали соли равон дар вилоят 866 ҷиноят ба қайд гирифта шуд. Ин нисбат ба хамин давраи соли 2009 – ум 1,8 фоиз кам мебошад. Семоҳаи аввали соли равон фош намудани ҷиноятҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 фоиз афзуд. Дар ин муддат дар вилоят 96 ҷинояти вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ба қайд гирифта, 75 килограмму 261 грамм маводи нашъадор, аз ҷумла 38 килограмм героин мусодира карда шуд. Прокурори вилоят хабар дод, ки тӯли моҳҳои гузашта аз аҳолӣ 120 адад аслиҳаи оташфишон мусодира карда шуд. Қайд карда шуд, ки дар ин муддат 54 нафар худкушӣ карда, 35 нафари дигар ба ҷони худ қасд намуд. Қисми зиёди чунин ҷиноятҳо фош карда, тафтиши қисми боқимондаи онҳо давом дорад. Ю.Раҳмонов зикр кард, ки дар ин давра бо дахолати прокуратура маблағи музди кору маоши коргарон ба маблағи 1 миллиону 177 ҳазор сомонӣ рӯёнида шуд. Инчунин дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи прокуратура 4 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағи пардохтҳои андозу гумрук ҷамъ оварда, ба ҳисоби буҷет гузаронида шуд. Вилоят то 1 марти соли равон аз ҳисоби пардохти андоз 140 миллиону 100 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад. Маблағи қарз аз ҳисоби сари вақт надодани нафақа 5 миллиону 331 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






