НОБОЛИҒРО ЧӢ МАҶБУР КАРД, ТО ДАСТ БА ХУДКУШӢ ЗАНАД?
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ “Ховар”, Жасмин Назарова). – Рўзи 8 апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ду далели худкушӣ ба қайд гирифта шуд. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ноболиғ Нуриддин Муҳаммадиев соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Рўдакӣ хонандаи синфи 4 мактаби таҳсилоти ҳамагонии ноҳия дар хонаи истиқоматии худ бо воситаи доркашӣ худро ба ҳалокат расонидааст. Инчунин Олимҷон Солеҳов, соли таваллудаш 1955 сокини шаҳри Хуҷанд, посбони мактаби таҳсилоти рақами 2 ноҳияи Б. Ғафуров дар ҳолати мадҳушӣ дар бўстонсарой воқеъ дар ҷамоати Ғозиев худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст. Нисбати ин далелҳо корҳои тафтишотӣ идома дорад, сабаби худкушӣ муайян карда мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






