НОБОЛИҒРО ЧӢ МАҶБУР КАРД, ТО ДАСТ БА ХУДКУШӢ ЗАНАД?

Апрель 9, 2010 16:44

           Душанбе, 9 апрел. (АМИТ “Ховар”, Жасмин Назарова). – Рўзи 8 апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ду далели худкушӣ ба қайд гирифта шуд.  Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ноболиғ Нуриддин Муҳаммадиев соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Рўдакӣ хонандаи синфи 4 мактаби таҳсилоти ҳамагонии ноҳия дар хонаи истиқоматии худ бо воситаи доркашӣ худро ба ҳалокат расонидааст. Инчунин Олимҷон Солеҳов, соли таваллудаш 1955 сокини шаҳри Хуҷанд, посбони мактаби таҳсилоти рақами 2 ноҳияи Б. Ғафуров дар ҳолати мадҳушӣ дар бўстонсарой воқеъ дар ҷамоати Ғозиев худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст. Нисбати ин далелҳо корҳои тафтишотӣ идома дорад, сабаби худкушӣ муайян карда мешавад.   

Апрель 9, 2010 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид