ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҲУНАРҲОИ ДАСТИИ МАРДУМӢ

Апрель 30, 2010 15:39

Қӯрғонтеппа, 30  апрел.( АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).-   Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон рӯзҳои наздик озмуни ҳунарҳои мардумии дастӣ баргузор мегардад, ки дар он сарфи назар аз синну сол, тамоми ҳунармандон ширкат варзида метавонанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар», сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Фирӯза Шарипова иттилоъ дод, ки ин озмун асосан дар доираи силсилабарномаҳои «Рушди туризми Хатлон барои солҳои 2010-2015» доир гардида, ҳадаф аз созмон додани он — эҳёи ҳунарҳои мардумист, зеро сайёҳони хориҷӣ низ маҳз ба он бештар таваҷҷӯҳ зоҳир месозанд. Ӯ ҳамчунин иброз намуд, ки дар озмун асосан ҳунармандоне ширкат варзида метавонанд, ки аз қобилияти сохтани ҳаргуна ашёҳо аз гил ва чӯб ва малакаи сӯзанидузӣ бархурдор бошанд. Ёдовар мешавем, ки айни замон дар чаҳорчӯбаи татбиқи ин барнома Раёсати мазкур мавзеъҳои таърихию зебоманзари вилояти Хатлонро мавриди омӯзиш қарор додааст ва соли ҷорӣ ифтитоҳи сомонаи интернетии ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои тамошобоби вилояти Хатлон дар назар аст. 

Апрель 30, 2010 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст