ОМӮЗИШИ ТАБИБОНИ ОИЛАВӢ БО УСУЛИ НАВИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Апрель 13, 2010 12:09

 Душанбе,  13 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-   Маркази татбиқи Лоиҳаи тандурустии  заминавӣ ва ҷамомавӣ бозомӯзии гурӯҳи дуюми курси шашмоҳаи табибони оилавиро, ки иловатан аз ноҳияҳои Ҷаббор Расулов  ва Ёвон интихоб шуда буданд, анҷом дод. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази мазкур иттилоъ доданд, курси мазкурро 22 духтур ва 46 ҳамшираи таббӣ ташкил дода буданд, ки дар Марказҳои Саломатии деҳотӣ, ноҳиявӣ ва хонаҳои саломатӣ фаъолият доранд. Дар курсҳои тибби оилавӣ ба ҳамшираҳо тренерон-омӯзгорон бо усули нави байналхалқӣ тибби оилавиро  омӯзониданд.  Тавассути  тибби оилавӣ духтурони ноҳияҳо ва деҳаҳои дурдасти кишвар ба аҳолӣ метавонанд хизмати саривақтӣ ва  камхароҷот расонда, бемориҳоро дар марҳилаи пайдоишашон бартараф намоянд. Бояд қайд намуд, ки корманди тибби оилавӣ дар минтақаи худ якчанд оиларо хизмат расонда, аз рӯзи таваллуд то пиронсолӣ аз саломатии онҳо бохабар шуда, табобат муайян мекунад.  Инчунин, ҳар як духтур ва ҳамшираи тиббӣ бо борхалтаҳои тиббӣ таъмин карда шудаанд, ки дар он асбобҳои тиббӣ барои муоина, табобат ва доругузаронӣ мавҷуд аст. Духтурон ва ҳамшираҳои оилавӣ дар раванди омӯзиш ҳама намуди бемориҳо ва хизматрасониҳои тиббӣ, то қабули таваллуд, ёрии аввалин, ҷарроҳии сабук ва дигар корҳоро омӯхтаанд ва ҳангоми бемориҳои шадид беморонро ба беморхона тавассути роҳхат равон мекунанд.   

Апрель 13, 2010 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд